Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши нархи барқ барои ҳама, ба истиснои TalCo


Дар Тоҷикистон қимати нерӯи барқ ба ҷуз аз корхонаи аллюминиюм TalCo барои аҳолӣ, ширкату корхонаҳо ва пойгоҳҳои обкашонӣ боло бурда шуд.

Сар аз 1 ноябри соли равон сокинони Тоҷикистон ба ҷуз аз вилояти худмухтори Бадахшон барои ҳар як киловатт-соат нерӯи барқ 14,65 дирам падохт хоҳанд кард.

Дар қарори 417, ки зери он Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раиси ҳукумат имзо гузоштааст, қиммати як киловатт-соат нерӯи барқ барои аҳолӣ аз 12,6 дирами қаблӣ то ба 14,65 дирам боло бурда шуд.

Тибқи қарор, ки ҳанӯз 1-уми октябр содир шуда матнашро танҳо рӯзи 17 октябр вазорати адлияи Тоҷикистон ба нашр расонд, қиммати нерӯи барқ барои корхонаҳои саноатӣ 35,65 дирам, барои пойгоҳҳои обкашонӣ дар тобистон 2,55 ва дар фасли сармо 9,55 дирам муқаррар шудааст.

Аммо афзоиши нерӯи барқ ба ширкати истеҳсоли аллюминиюм TalCo дахл нахоҳад дошт.

«Талко» - бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон- нерӯи барқро бо қиммати имтиёздор дарёфт мекунад. Ин корхона аз 1 май то 30 сентябр барои ҳар як киловатт-соат нирӯи барқ 7,2 дирам ва дар фасли зимистон, яъне аз 1 октябр то 30 апрел, барои ҳар киловатт-соат 11,8 дирам пардохт хоҳад кард.

Ҳамзамон тибқи ин қарор қиммати гармӣ низ боло бурда шуда ва нархи 1 Гкал нерӯи гармӣ 1 сомонӣ муқарар шудааст.

XS
SM
MD
LG