Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи парвандаи терроризм дар Қазоқистон


Додгоҳе дар шимолуғарби Қазоқистон ба баррасии парвандаи "террористҳои Исломӣ" оғоз кард. Дар курсии айбдорӣ 29 нафар нишастаанд, ки 9 нафари онҳо ба терроризм, куштор, иштирок дар гурӯҳи террористӣ, нигаҳдорӣ ва истифодаи ғайриқонуии силоҳ муттаҳам шудаанд. 18 тани дигар ба ин муттаҳам мешаванд, ки мақомотро аз вуҷуди фаъолиятҳои террористӣ огоҳ накаранд. Ҷурми ду нафари дигар ин аст, ки ба террористҳо паноҳгоҳ доданд.

Мақомоти Қазоқистон моҳи июн аз боздошти 25 "ҷангии исломӣ" хабар доданд, ки ба гуфтаи мақомот онҳо бо тарҳрезӣ ва пиёда кардани силсилаи амалҳои террористӣ панҷ шаҳрванди мулкӣ ва се узви нерӯҳои амниятии Қазоқистонро ба ҳалокат расониданд. Дар ин ҳодисаҳо неруҳои амниятӣ 18 мусаллаҳро кушта ва чанде аз онҳоро боздошт карданд. Президент Назарбоев гуфтааст, ки амалҳои террористиро Салафиҳо анҷом доданд.

XS
SM
MD
LG