Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп мегӯяд, ки бо Путин қабл аз маросими савганд мулоқот мекунад


Номзади Ҳизби Ҷумҳурихоҳ дар интихоботи президентии Амрико гуфт, ки агар ба ин мақом баргузида шавад, эҳтимоли мулоқот бо Путинро қабл аз маросими савганди президентӣ баррасӣ мекунад. Трамп дар ин бора 17 октябр бо намоиши наздикии худ бо раҳбари Русия назар дод, ки Амрико ӯро ба дахолат дар умури интихобот муттаҳам мекунад.

Пештар ҳам Трамп Путин борҳо Путинро тавсиф ва аз оқибати нохуби ташаннуҷ дар равобит бо Русия шикоят карда буд. Ба гуфти ӯ, мушкил дар ин аст, ки Путин ҳеҷ эҳтироме ба президенти Амрико Барак Обама надорад. "Бояд ошкоро бигӯям, ки вазъияти фалокатборе ба вуҷуд омадааст"- гуфт Трапм дар ток-шоу бо Майкл Севиҷ.

"Агар ман дар интихоботи моҳи ноябр пирӯз шавам, метавонам то оғози фаъолият бо Путин мулоқот кунам"- гуфт Трамп ва бидуни ҳеҷ далеле афзӯд, ки "тақаллуб дар интихобот ба тамомияти сохтори интихоботии Амрико зарба мезанад. Ӯ ҳамчунин аз эҳтимоли тақаллуб дар ҳавзаҳои интихоботӣ ҳушдор додааст.

Дар ҳамин ҳол рақиби Трамп аз Ҳизби демократ, Ҳиллари Клинтон доираи фаъолияташро дар маъракаи интихоботи густариш додааст. Клинтон миллионҳо долларо дар таблиғоти сиёсӣ дар аёлатҳои Аризона, Миссури ва Индиана сарф мекунад, ки дар гузашта аз такягоҳҳои Ҳизби Ҷумҳурихоҳ номбар мешуданд.

XS
SM
MD
LG