Пайвандҳои дастрасӣ

Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон мегӯяд, ки рӯзҳои 22-23 октябр ҳайати Будои Ҷопон ба Душанбе меояд. Ба иттилои манбаъ, ин ҳайат рўзи 22 октябр, соати 14:00 дар Толори гуштини “Зурхона” намудҳои ҳарбзани Ҷопонӣ - Ҷудо ва Кэндо намоиш медиҳад ва рӯзи 23 октябр дар ҳамкорӣ бо Федератсияҳои Будои Ҷумҳурии Тоҷикистон, машқҳои омӯзишии ҳарбзании Ҷопонӣ баргузор менамояд.

Аз сафоратхонаи Ҷопон дар Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ба ҳайати коршиносони Будо ҳашт нафар аз Муассисаи Ҷудои Кодокан ва аз Федератсияи Кэндои Кулли Ҷопон шомиланд. Ҳадафи аслии ташрифи эшон ба Тоҷикистон таҳким бахшидани муносибатҳои дўстона байни Ҷопон ва Тоҷикистон ва ҳамчунин мусоидат намудан ба якдигарфаҳмӣ байни ду кишвар тавассути намоиш додани Будо - намудҳои ҳарбзани Ҷопонӣ мебошад.

Муассисаи Ҷудои Кодокан, ки сарчашмаи пайдоиш ва паҳн гаштани Ҷудо дар 200 кишвари дунё ҳаст, аз ҷониби Кано Ҷигоро Шиҳан дар соли 1882 таъсис ёфтааст. Ҳадафи аслии ин муассиса, таълиму таҳсил, омӯзиш, рушд ва паҳн кардани Ҷудо Кодокан ва ҳамчунин ҳиссагузорӣ дар қавӣ гардонидани ҷисму рўҳи варзишгарони Ҷудо, хоса варзишгарони наврас мебошад.

Федератсияи Кэндои Кулли Ҷопон (AJKF), ки соли 1954 таъсис ёфтааст, ба пешрафти Кэндо мусоидат намуда дар асл намояндаи Кэндо дар байни ҳаваскорон мебошад. Ҳадафи аслии ин созмон ҷорӣ намудани назорати умумӣ ва намояндагӣ намудан аз доираҳои Кэндои ҳаваскорӣ (бо шумули Иайдо ва Ҷодо) ба ҳисоб меравад. AJKF барои пешрафти Кэндо кушиш ба харҷ медиҳад ва шомил гаштани рӯҳияи Кэндо ба мардуми Ҷопон ва намояндагӣ намудан аз бахшҳои Федератсияҳои Байналмилалии Кэндо ва ҳамзамон аз доираҳои Кэндои Чопон мебошад.

Ин чорабинӣ дар якҷоягӣ аз ҷониби Бунёди Ҷопон, Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон, Муассисаи Ҷудои Кодокан, Федератсияи Кэндои Кулли Ҷопон, Федератсияи Ҷудои Тоҷикистон, Федератсияи варзишгарони маъюби Тоҷикистон ва Федератсияи Кёкушинкайи Тоҷикистон баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG