Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тӯҳфаи президент ба дуторнавоздухтарони Восеъ


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба ансамбл ё дастаи дуторнавозондухтарони ноҳияи Восеъ либоси дастаӣ ва дутори миллӣ тақдим кардааст. Дастаи дуторнавозони ноҳияи Восеъ бо шумули 12 толибаи мактаби рақами 31-и ин ноҳия дар се соли пеш ташкил шудааст.

Ҳафиза Сафарова, раиси бахши занони ноҳияи Восеъ сешанбеи 18 -уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тӯҳфаи Эмомалӣ Раҳмон тариқи вазорати фарҳанги кишвар ба дастаи дуторнавоздухтарон фиристода шудааст. Ба гуфтаи хонум Сафарова, тӯҳфаи раиси ҷумҳур аз либоси ягонаи дастаӣ ва 12 дутор барои дуторнавоздухтарон иборат аст. Хонум Ҳафизова гуфт, ки ҳоло бо дастури раиси ҷумҳур дуторнавоздухтарон, ки толиба ҳастанд, дар ҷамоати Худоёр Раҷабов, ба тамрин машғуланд.

Ба таъкиди хонум Ҳафизова, дуторнавоздухтарон дар ҳама чорабиниҳои сатҳи ноҳия ва минтақа ширкат мекунанд; "Ин гурӯҳ аз кӯдакияшон ба дуторнавозӣ машғул ҳастанд. Ҳамакнун раҳбари ин гурӯҳ дар синфи 10-ум таҳсил мекунад. Пас аз истиқбол, раиси ҷумҳур ваъда кард, ки ҳадяи маро баъди сафар интизор шавед ва ҳамин тавр вазорати фарҳанг ба инҳо дутори якранга ва либосҳои дастаӣ фиристод. Президент замони суханрониаш ба ин духтарон супориш дод, ки сафашонро зиёд кунанд ва ҳукумат ба онҳо кумак хоҳад кард. Ҳоло ба инҳо аз сӯи ҳукумати ноҳия шароит муҳаё шуда, баъди анҷоми дарс тамринашонро дар мактаб идома медиҳанд".

Зимнан, сафари Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба таърихи 3 то 5 октябр ба минтақаи Кӯлоб, аз ноҳияҳои Мӯъминобод, Восеъ ва шаҳри Кӯлоб ҷараён гирифт. Сафари раиси ҷумҳур ба муносибати 25 – умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон ва бо ҳадафи ошноӣ бо вазъи иҷтимоӣ – иқтисодии манотиқи мухталифи кишвар баргузор шуд. Раиси ҷумҳур қабл аз минтақаи Кӯлоб, аз вилояти Суғд ва бархе навоҳии минтақаи шарқи Тоҷикистон дидан карда буд.

XS
SM
MD
LG