Пайвандҳои дастрасӣ

СММ аз эълони оташбаси 3-рӯза дар Яман хабар дод


Исмоил Шайх Аҳмад, фиристодаи махсуси СММ мегӯяд, бо розигии ҳамаи ҷонибҳои даргири Яман дар ин кишвар оташбаси 72-соатӣ эълон шудааст, ки нимашаби 18 октябр оғоз шуда, ба интиқоли кумакҳои башардӯстона имкон хоҳад дод.

Намояндаҳои ҳукумати Яман гуфтаанд, ки эҳтимол аст, муҳлати оташбас дароз карда шавад. Ҳукумати табъидии президент Абдрабуҳ Мансур Ҳодӣ қаблан хоста буд, ки ба мардуми шаҳри Тайзи Яман ёрии башардӯстона расонда шавад.

Бештари қисматҳои шаҳри Тайз дар муҳосираи шӯришгарони ҳусӣ, ки соли 2014 пойтахти Яманро ғасб карда буданд, қарор дорад. Нерӯҳои ҳукуматӣ аз чаҳор роҳи вуруд ба Тайз танҳо якеро дар ихтиёр доранд.

Ҳусиҳои ҷонибдорони президенти пешини Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳро Эрон пуштибонӣ мекунад ва ҳоло тақрибан ними қисматҳои шимолии ин кишварро дар даст доранд. Қисматҳои боқии Яманро нерӯҳои Ҳодӣ бо мусоидати Арабистони Саудӣ ва қабилаҳои маҳаллӣ идора мекунанд.

Ба ҳисоби СММ, дар натиҷаи даргириҳои Яман наздики 10 ҳазор нафар, аз ҷумла 3800 сокини осоишта кушта шудааст.

XS
SM
MD
LG