Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Литва Горбачевро бозпурсӣ мекунад


Додгоҳи Литва барнома дорад, ки раҳбари собиқи Шӯравӣ Михаил Горбачевро дар заминаи саркӯб кардани ҷумбиши истиқлолхоҳии ин кишвари Балтик дар соли 1991, ба шаҳодат додан даъват кунад. Додгоҳи минтақавии Вилнюс рӯзи 17 октябр гуфт, ки Горбачев дар ин мурофиа ба сифати шоҳид даъват мешавад.

Моҳи январ додгоҳ ба баррасии қазияи ду афсари Шӯравии собиқ, Генадий Иванов ва Юрий Мел оғоз кард. Соли гузашта Литва дар заминаи ҳалокати 13 нафар дар соли 1991, 66 шаҳрванди Русия, Беларус ва Украинаро ба ҷинояти ҷанг ва ҷиноят алайҳи башарият муттҳам кард. Ҳангоми ҳуҷуми нерӯҳои Шӯравӣ ба бинои Телевизиони Вилнюс, 13 январи соли 1991 ҳамчунин ҳазор нафар маҷрӯҳ шуда буд.

Ин маргбортарин амали артиши Шӯравӣ бар зидди ҷумбишҳои ҷудоихоҳӣ дар кишварҳои Балтик- Латвия, Литва ва Эстония буд.

XS
SM
MD
LG