Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарнигори телевизиони Афғонистон дар Зобул кушта шуд


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки мусаллаҳони ношинос як хабарнигорро дар вилояти ҷанубии Зобул ҳадафи тир қарор доданд. Пулиси вилоят генерал Мирвайс Нурзай гуфт, ки хабарнигор Ёқуб Шарофат рӯзи 16 октябр дар маркази маъмурии вилояти Зобул, шаҳри Қалот кушта шуд.

Гуфта мешавад Ёқуб Шарофат дар ҳоле ҳадафи оташ қарор гирифт, ки ҳамроҳи ҳамсараш аз бемористон берун мешуд. Масъулияти ин кушторро то ҳоле ҳеҷ гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст.

Ёқуб Шарофат дар шабакаи радио ва телевизиони давлатӣ кор мекард. Биноба маълумоти Кумитаи амнияти хабарнигорони Афғонистон, соли 2016 барои журналистҳо соли хунинтарин дар таърихи Афғонистон буд. Танҳо дар шаш моҳи аввали ин сол 10 хабарнигор дар ин кишвар кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG