Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матбуоти Эрон видеои Сиёмак Намозиро нашр кард


Матбуоти тундрави Эрон навори Сиёмак намозӣ, тоҷири эронитабори амрикоиро нашр кард, ки Эрон ӯро боздошт кардааст. Хабаргузории қувваи қазоӣ "Мизон" дар клипи бандубастшудаи якдақиқагӣ Намозиро дар конфронс, баъдан бо дастони боло ба ду тараф ва паспорти амрикоиашро намоиш дод.

Навор ҳамчунин дрон ё ҳавопамои бесарнишини Эронро нишон дод, ки дар фарози киштии ҳавопаймобари амрикоӣ парвоз мекард ва маллоҳони боздоштшудаи ин киштӣ дастҳо пушти сар ба зону нишаста буданд.

Хонаводаи Намозӣ мегӯяд, ки ӯ моҳи октябри соли 2015 ва падари бознишасти ӯ, мақоми собиқи UNICEF Боқир Намозӣ, моҳи феврали соли 2016 боздошт шуд.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз Эрон даъват кардааст, ки ин ду нафарро озод кунад. Дар моҳҳои гузашта якчанд нафари дорои душаҳрвандӣ, бо шумули амрикоиҳои эронитабор, дар Эрон боздошт шуданд

XS
SM
MD
LG