Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се рӯзи мотам дар Донетск баъди куштори Моторола


Дар ҷумҳурии худгардони Донетск дар робита бо ҳалокати Арсений Павлов, машҳур бо номи "Моторола" се рӯзи мотам эълон шуд. "Моторола" рӯзи гузашта аз таркиши бомбаи худсохт, ки дар лифти хонааш гузошта буданд, ҳалок шуд. Ин аввалин сӯиқасд ба ҷони ин ҷангсолори ҷудоихоҳон набуд. Моҳи июн ӯ аз таркиши мина ҷон ба саломат бурда буд. Мина дар ҳоле таркид, ки Моторола аз бемористон берун мешуд.

Раҳбари ҷумҳурии худгардони Донетск Александр Захерченко гуфт, ки фармоишгарони ин кушторро медонад, аммо ӯ аз касе ном набурд. Раиси Шӯрои мардумӣ Денс Пушилин куштори "Моторола"-ро "амали террористӣ" унвон кард, ки гӯё аз ҷониби гурӯҳи махсуси "харобкориву истихборотӣ"-и Украина анҷом шудааст.

Дар ҳамин ҳол дар интернет видеои чаҳор марди мусаллаҳи ниқобшӯш нашр шуд, ки масъулияти куштори Арсений Павлов- Мотороларо бар дӯш гирифтанд. Муаллифони ин видео дар пасманзари парчами созмони мамнуъи Misanthropic Division зоҳир шудаанд. Онҳо ҳамчунин гуфтанд, ки ҳадафи навбати раҳбарони ҷумҳурии худгардони Донетск Александр Захарченко ва Игор Плотнитский хоҳанд буд. Айни замон ин видео аз "ВКонтакте" ва ҳамчунин Ютуб нопадид шудааст.

Арсений Павлов-Моторола, дар ҷангҳои наздикии Словянск, Иловайск, дар фурӯдгоҳи Донетск ва ноҳияи Дебалцева иштирок кардааст. Ӯ бо бараҳмии худ "шӯҳрат" ёфт ва эътироф кардааст, ки шахсан асиронро шиканҷа мекард ва ба қатл мерасонд.

XS
SM
MD
LG