Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лимити барқрасонӣ ё корҳои "профилактикӣ"?


Иддае аз сокинони минтақаи Кӯлоб мегӯянд, ки аз чор рӯз ба ин тараф дар рустоҳо лимит ё маҳдудият дар интиқоли нерӯи барқ ҷорӣ шудааст. Ба гуфтаи ин сокинон, интиқоли неруи барқ рӯзона аз соати нӯҳи саҳар то панҷи шом ва шабона аз даҳи шаб то чори субҳ маҳдуд аст.

Иддае аз сокинони минтақаи Кӯлоб мегӯянд, ки аз чор рӯз ба ин тараф дар рустоҳо лимит ё маҳдудият дар интиқоли нерӯи барқ ҷорӣ шудааст. Ба гуфтаи ин сокинон, интиқоли неруи барқ рӯзона аз соати нӯҳи саҳар то панҷи шом ва шабона аз даҳи шаб то чори субҳ маҳдуд аст.

Хайринисо, як сокини ҷамоати деҳоти Ғайрати ноҳияи Фархор душанбеи 17 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки чор рӯз боз инҷониб дар шабонарӯз 14 соат барқ хомӯш мешавад, ки ба зиндагиашон таъсири худро гузоштааст: "Се рӯз шуд, ки қувваи барқ аз субҳ хомӯш мешавад то бегоҳ дигар дода намешавад. Шаб низ ҳамин авҳол аст. Ҳоло тайи се рӯз хӯроки нисфирӯзиро дар дегдони бобоӣ омода мекунем. Агар таъмир мешуд, як ё ду рӯз хомӯш мешуд, аммо чор рӯз ин ҳолат идома дорад".

Бархе аз сокинон дар вокуниш ба гуфтаҳои масъулони "Барқи тоҷик", ки барқ дар бархе аз минтақаҳо бинобар корҳои профилактикӣ хомӯш мешавад, мепурсанд, ки оё корҳои профилактикӣ-таъмирӣ шабона низ анҷом мешавад?

Нуриддин Ояҳмадов, як сокини деҳаи Чойлобкамари ноҳияи Ҳамадонӣ низ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар деҳаи онҳо чанд рӯз боз аз субҳ нируи барқ хомӯш карда мешавад. Ба гуфтаи ҷаноби Ояҳмадов, ҳанӯз зимистон сар нашуда, маҳдудият дар интиқоли нерӯи барқ ҷорӣ шудааст, ки рӯзгори мардуми деҳотро боз ҳам мушкилтар мекунад. Вай мегӯяд, солҳои пеш, ҳезуму ғузапоя фаровон буд ва мардум метавонист, барои пухту паз истифода кунад, аммо аз як тараф ин захираҳо кам бошад, аз тарафи дигар иҷозаи буридани дарахтон нест.

Аммо масъулони ширкати “Барқи тоҷик” мегӯянд, лимит ё маҳдудият дар интиқоли нерӯи барқ ба аҳолии Тоҷикистон расман ҷорӣ нашудааст. Ин масъулон ҳамзамон таъкид доранд, ки воқеан дар баъзе аз манотиқи Тоҷикистон корҳои профилактикӣ ҷараён дорад.

Нозирҷон Ёдгорӣ, намояндаи ширкати “Барқи тоҷик” рӯзи душанбеи 17 октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ, ҷорӣ шудани лимит ё маҳдудият дар интиқоли нируи барқ ба аҳолии кишварро рад кард ва гуфт, расман ҳеҷ гуна маҳдудият вуҷуд надорад. Аммо ҷаноби Ёдгорӣ гуфт, ки “ҳар сол дар ҳамин давра ба хотири таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ дар фасли зимистон корҳои профилактикӣ-таъмирӣ анҷом мешавад ва ба ин далел гоҳ-гоҳе барқ хомӯш мегардад”.

Ҷаноби Ёдгорӣ таъкид кард, ки “корҳои профилактикӣ ва таъмирӣ ба хотири пешгирӣ аз садамаҳо дар хатҳои интиқоли нерӯи барқ ва трансформаторҳо сурат мегирад ва ин имкон медиҳад, то мардум дар фасли зимистон бебарқ намонанд”.

Ин намояндаи ширкати “Барқи тоҷик” мегӯяд, “лимит ё маҳдудият дар интиқоли нерӯи барқ ба аҳолӣ ягон ҷойи пинҳонӣ надорад ва агар тасмиме дар ин замина сурат бигирад, ҳатман барои мардум эълон хоҳем кард”.

Дар вокуниш ба гуфтаҳои намояндаи ширкати “Барқи тоҷик” дар робита ба корҳои профилактикӣ, бархе аз сокинони манотиқи кишвар мегӯянд, оё корҳои профилактикӣ шабона низ анҷом мешавад? Дар ҳамин ҳол, хабарҳо аз мавориди хомӯш шудани нерӯи барқ дар маҳаллаҳои атрофи шаҳри Душанбе, аз ҷумла ноҳияи Рӯдакӣ низ ба гӯш мерасад.

Зимнан, дар муддати ду даҳсолаи ахир лимит ё маҳдудият дар интиқоли нируи барқ ба аҳолӣ дар фасли тирамоҳ ва зимистон ба муддати 6 моҳ ҷорӣ мешавад. Мақомот, камбуди захираҳои обӣ ва энергетикиро аз сабабҳои аслии ин амр унвон мекунанд.

Гуфта мешавад, камбуди нерӯи барқ дар фасли тирамоҳ ва зимистон беш аз 3 миллиард киловат соатро ташкил медиҳад. Аммо дар Тоҷикистон дар фасли тобистон беш аз 3 миллиард киловатт-соат нируи барқи изофӣ тавлид мешавад. Ин аст, ки дар фасли тобистон ба Афғонистон ва бархе кишварҳои дигари минтақа барқи Тоҷикистон содир мешавад.

XS
SM
MD
LG