Пайвандҳои дастрасӣ

Додситонии Қазоқистон марги варзишгарро таҳқиқ мекунад


Додситонии кулли Қазоқистон хабар медиҳад, ки марги варзишгар дар шаҳри Петропавловски ин кишвар "зери назорат гирифта шудааст".

"Дидситонии кулл дар робита ба марги варзишгар Игор Нанаев ба наздикону дӯстонаш ҳамдардӣ баён мекунад. Дар рӯзҳои наздик додситонӣ нишасти хабари баргузор карда, ба ҳамаи суолҳои ҷомеа посух мегӯяд. Парвандаи мазкур зери назорати додситонӣ ва вазорати корҳои дохилӣ гирифта шудааст", - иттилоъ медиҳад додситонӣ.

Баскетболбози 23-солаи тими "Барс"-и шаҳир Петропавловск Игор Нанаев бо ҷароҳати вазнин шаби 3 октябр дар беморхона бистарӣ шуд. Вай 10 октябр дар бемористон фавтид.

Пештар аз ин пулиси вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ хабар дод, ки бо гумони расонидани ҷароҳатҳои вазнин ба Нанаев як марди 21-сола боздошт шудааст.

XS
SM
MD
LG