Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таркиш дар назди бинои телевизион дар Сухуми


Субҳи рӯзи душанбе як марди ношинос худро дар назди даромадгоҳи бинои телевизиони давлатии Абхозистон тарконд. Вазири омили Абхозистон Аслан Кобахиа мегӯяд, ки ин марди ношинос худро дар Сухуми, дар даромадгоҳи Корпоратсияи радио ва телевизиони ин давлати худгардон мунфаҷир кард. Кормандони Вазорати умури дохилӣ ва додситонӣ ба таҳқиқи ин ҳодиса ва ҳуввияти марде, ки худро тарконд, оғоз карданд. Маълум нест, ки ин мард мехост дар мазҳари ом худкушӣ кунад ва ё ҳадаф ситоди радио ва телевизион буд.

Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ ду минтақаи Гурҷистон аст, ки бо пуштибонии Русия худро давлатҳои мустақил эълон кардаанд. Маскав, баъди як ҷанги кӯтоҳ бо Гурҷистон дар моҳи августи соли 2008 ин ду қаламравро ҳамчун давлати мустақил эътироф кард. Дар масъалаи эътирофи онҳо танҳо якчанд кишвар аз Русия пайравӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG