Пайвандҳои дастрасӣ

Трамп: "Ҳайвонҳо"-и Клинтон ба ситоди ҷумҳурихоҳон ҳуҷм карданд


Номзади Ҳизби Ҷумҳурихоҳ дар интихоботи президентии ҷумҳури Амрико Доналд Трамп онҳоеро, ки рӯзи якшанбе дафтари ҳизбро дар Королинаи Шимолӣ харобкорӣ карданд, "ҳайвонҳое, ки аз Клинтон ва демократҳо намояндагӣ мекунанд" номид.

Трамп дар саҳифаи Твиттераш навишт, ки ҳамла ба дафтари ҳизб дар шаҳри Ҳиллсборо, ба пешсаф будани ӯ дар маъракаи интихоботӣ бастагӣ дорад. Афроди номаълум дар деворҳои бинои ин ҳизб аломати олмони фашистиро бо навиштаҷоти "ҷумҳурихоҳон-фашистҳо, равед аз ин ҷо" наққошӣ карданд. Онҳо ҳамчунин дафтари ҳизбро ба оташ кашиданд. Ҳеҷ нафар аз ин амал осеб надидаст.

Рақиби Трамп дар интихоботи президентӣ, Ҳиллари Клинтон ин ҳамларо "ғайриқобилиқабул" унвон кард ва демократҳои маҳаллӣ барои барқарор кардани дафтари ҳизби Ҷумҳурихоҳ маблағ ҷамъ карданд.

Трамп дар ҷараёни маъракаи интихоботи борҳо ба баёнияҳои наҷотпарастона ва таьбизи ҷинсӣ ва пуштибонии родикалҳои ростгаро аз номзадии ӯ, муттҳам шуд. Бинобар назарсанҷиҳо Трамп аз Клинтон, дар саросари ИМА ва ҳамчунин Королинаи Шимолӣ ақиб мондааст.

XS
SM
MD
LG