Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари Сироҷиддин Аслов ба Тошканд


Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон.

Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон.

Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон субҳи имрӯз барои ширкат дар 43-юмин нишасти Шӯрои вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ, ба Узбакистон рафт. Нишасти Шӯрои вазирони умури хориҷии кишвари узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ, рӯзҳои 18-19 октябр дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад. Қарор аст Сироҷиддин Аслов дар ин ҳамоиш суханронӣ намуда ва дар ҳошияи ин нишаст бо бархе аз ҳамтоёнаш аз кишварҳои исломӣ мулоқот анҷом диҳад. Густариши ҳамкориҳои кишварҳои узв, амнияти минтақа ва ҷаҳон ва дигар мавзӯоти байналмилалӣ, аз масоили матруҳа дар нишасти вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкориҳои исломӣ дар Тошканд хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG