Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Трамп хост, ӯ ва Клинтон аз санҷиши допинг гузаранд


Доналд Трамп, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ ба мақоми президенти Амрико, хостааст, пеш аз мунозираи севум ва охири ӯ бо Ҳилларӣ Клинтон – номзади Ҳизби демократ – онҳо аз санҷиши допинг гузаранд. Вай дар яке аз суханрониҳояш дар Ню-Ҳампшир гуфт, "маълум нест, ӯ (Ҳилларӣ Клинтон) дар чӣ вазъияте аст". Трамп дар идомаи суханонаш иттиҳоми занонеро, ки иддао карданд, ӯ дар гузашта бар хилофи майлашон бадани онҳоро ламс кардааст, шадидан рад намуд. Номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ, инчунин, расонаҳои Амрикоро барои "тавтиа" ва "дурӯғпароканӣ" нисбат ба ӯ муттаҳам карда, аз шеваи корашон шадидан интиқод намуд. Интихоботи президентии Амрико рӯзи 8 ноябри имсол баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG