Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баҳси бӯҳрони Сурия дар Лондон идома мекунад


Ҷон Керри

Ҷон Керри

Ҷон Керри, вазири корҳои хориҷии Амрико, 16 октябр ба Лондон рафтааст, то бо муттафиқони Вашингтон дар Аврупо роҳҳои поён додан ба ҷанги панҷсолаи Сурияро баррасӣ кунад. Керри зоҳиран намояндагони Бритониё, Фаронса ва Олмонро аз натиҷаи нишасти рӯзи шанбе дар Лозаннаи Швейтсария низ огоҳ хоҳад кард. Рӯзи 15 октябр вазири корҳои хориҷии Амрико бо ҳамтоёнаш аз Русия, Эрон, Арабистони Саудӣ, Қатар, Ироқ, Урдун, Миср ва Туркия дар бораи роҳҳои ҳалли буҳрони Сурия гуфтугӯ кард. Ҷон Керри гуфт, ҳарчанд идеяҳои ҷадид матраҳ шуданд, аммо нишаст бе тавофуқи ҷонибҳо бар сари иқдоми мушаххас поён ёфт. Бар хилофи нишастҳои пешин дар мавриди Сурия ҳеҷ кишвари аврупоӣ дар ин ҳамоиш иштирок надошт. Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, дар ҷанги панҷсолаи Сурия на камтар аз 250 ҳазор одам кушта ва бештар аз 11 миллион нафар гуреза шудаанд.

XS
SM
MD
LG