Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти ҳарбӣ барои бозпас гирифтани Мосул


Амалиёти низомии бозпас гирифтани Мосули Ироқ аз дасти гурӯҳи "Давлати исломӣ" сар шудааст. Нерӯҳои амрикоӣ ба маҳалли ҷангҷӯён дар Мосул, ки соли 2014 дувумин шаҳри бузурги Ироқро таҳти идораи худ дароварда буд, зарба мезананд. Рӯзи 16 октябр телевизиони CNN Turk хабар дод, ки дар ин амалиёт нерӯҳои Туркия низ ҳузур доранд. Шаби шанбе артиши Ироқ дар Мосул варақа паҳн карда ва аз сокинон хостааст, ки ба воҳима наафтанд ва аз баъзе минтақаҳо худро берун кашанд. Бино ба хабари Вазорати дифои Амрико дар ҷараёни ду соли мубориза бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" беш аз 40 ҳазор ҷангҷӯ дар Ироқу Сурия кушта шуда ва аз аввали соли равон ДИИШ беш аз даҳ дарсади қаламрави таҳти идораашро аз даст додааст. Моҳи июни имсол артиши Ироқ бо ёрии нерӯҳои Амрико Фаллуҷа, шаҳри воқеъ дар 50-километрии Бағдодро аз ҷангҷӯён тоза карда буд.

XS
SM
MD
LG