Пайвандҳои дастрасӣ

Пулиси Бағдод эълон кард, ки як бомбгузор камарбанди интиҳории худро миёни ҷамъе аз пайравони шиа тарконд ва дар натиҷа 31 нафар кушта ва беш аз 65 нафар замхӣ шуданд. Хабаргузории Рейтер ба нақл аз мақомҳои амниятии пойтахти Ироқ гуфт, инфиҷор рӯзи 15 октябр дар шимоли Бағдод рух додааст. Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳ масъулияти ин таркишро бар уҳда нагирифта, вале ангушти иттиҳоми пулиси Ироқ ба сӯи ҷангҷӯёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" боло шудааст.

XS
SM
MD
LG