Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқи Путин ва Моди дар Ҳиндустон


Владимир Путин ва Нарендра Моди
Владимир Путин ва Нарендра Моди

Владимир Путин – раиси ҷумҳурии Русия – ва Нарендра Моди – нахуствазири Ҳиндустон – дар Гоа, ҷанубиғарби ин кишвар бо якдигар дидору гуфтугӯ карданд. Дар поёни ин дидори рӯзи 15 октябр ду тавофуқнома дар мавриди "тавлиди новчаи ҷангӣ" барои нерӯи дарёии Ҳинд ва таъсиси корхонаи муштараки чархболсозӣ ба имзо расидааст. Дар ҳамин ҳол, ду тараф дар мавриди интиқоли системаи мушакии С-400 аз Русия низ созиш кардаанд. Ба гуфтаи мақомҳои Русия, ин системаҳо барои тақвияти хатти дифоии Ҳиндустон дар марзҳои ин кишвар бо Покистону Чин мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Ба қавли Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, тавофуқот барои сохти фазаи панҷум ва шашуми нерӯгоҳи ҳастаии нави Ҳиндустон низ дар дастури кории давлатҳои ду кишвар будааст.

XS
SM
MD
LG