Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти мусофирбари тоҷикон дар Челябинск


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар ҳудуди вилояти Челябински Русия як мусофирбари ҳомили 77 шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шудааст, ки ба иттилои мақомоти пулис 9 нафари онҳо қоидаи убури мурур ва будубош дар ин кишварро нақз кардаанд. Ба иттилои расонаҳои Русия, ҳар кадом аз онҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, алайҳи ронандаи мусофирбар, ки шаҳрванди Русия будааст, низ ду санад тартиб дода шудааст. Ронанда барои таъмини шаҳрвандони хориҷӣ ё афроди бе шаҳрванд бо ҷои хоб ё воситаи нақлиёт муттаҳам мешавад. Нӯҳ шаҳрванди Тоҷикистон ва ронандаи мусофирбар, дар маҷмӯъ, ба пардохти 22 ҳазор рубл маҷбур шудаанд.

XS
SM
MD
LG