Пайвандҳои дастрасӣ

Ду зан Трампро "барои озори ҷинсӣ" муттаҳам карданд


Ду зан иддао доранд, ки Доналд Трамп, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ ба мақоми президенти Амрико, бадани онҳоро ламс кардааст. Ин иддао дар ҳоле садо дода, ки то замони баргузории интихоботи президентии Амрико се ҳафтаи дигар боқӣ мондааст. Кристин Андерсон ва Саммер Зервос, рӯзи 14 октябр эълон карданд, ки Трамп дар гузашта бар ихлофи майли онҳо баданашонро навозиш кардааст. Пештар шаш зан ба таври ҷудогона иттиҳоми ба ин монандро алайҳи Доналд Трамп матраҳ карда буданд. Доналд Трамп ин иттиҳомро дурӯғ номида ва онро “пружаи тахриби шахсияташ” бо ҳадафи сиёсӣ ё молӣ донистааст.

XS
SM
MD
LG