Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиши беш аз 150 кишвар барои коҳиши гази гулхонаӣ


Беш аз 150 кишвари ҷаҳон дар мавриди коҳиши истифода аз гази гулхонаӣ ба тавофуқ расиданд. Вазири манобеи табиии Руанда, ки кишвараш мизбони нишасти байналмилалӣ дар ин бора буд, бо эълони хабари тавофуқ изҳори умед кард, ки ин рӯйдод нуқтаи ниҳоӣ дар мубориза бо тағйирти иқлим дар ҷаҳон бошад. Бар асоси ин тавофуқ, кишварҳои ҷаҳон ба се гурӯҳ тақсим мешаванд ва барои ҳар гурӯҳ зарбулаҷале таъин шудааст, то истифода аз гази гулхонаиро кам кунанд. Эрон ҳамроҳи Ҳинд, Ироқ, Покистон ва кишварҳои арабии Халиҷи Форс дар як гурӯҳ қарор гирифтааст, ки то соли 2028 бояд масрафи ин газро собит нигоҳ дошта, баъдан истифодаашро кам кунад.

XS
SM
MD
LG