Пайвандҳои дастрасӣ

Мурофиаи Гулчеҳра 24 октябр шурӯъ мешавад


Гулчеҳра Бобоқулова

Гулчеҳра Бобоқулова

Додгоҳи Маскав рӯзи 24 октябр ба баррасии парвандаи Гулчеҳра Бобоқулова – парастори узбакистонӣ – хоҳад пардохт, ки дар қатли як духтари чорсола айбдор мешавад. Ба қавли Олга Литсарева, ходими матбуоти додгоҳ, мурофиа паси дарҳои баста баргузор шуда, Гулчеҳра Бобоқулова мавриди пурсиш қарор мегирад. Литсарева гуфт, муҳлати боздошти Бобоқулова то 4 апрели соли оянда дароз карда шудааст. Бар асоси қарори пешинаи додгоҳ ӯ бояд то 29 октябр дар боздошт мемонд.

Гулчеҳра Бобоқулова 29 феврали имсол дар назди метрои "Майдони октябр" боздошт шуд. Вай дар даст сари буридаи кӯдакеро дошт. Баъдтар маълум шуд, ки ин зан дояи духтарчаи чаҳорсола будааст. Бино ба иттилои тафтишот, доя интизор шудааст, ки волидони кӯдак аз хона бароянд ва баъдан сари кӯдакро бурида, хонаро оташ задааст.

Бобоқулова ба гуноҳи хеш иқрор карда, гуфт, бо ин кораш аз Владимир Путин, президенти Русия барои бомбаборон кардани Сурия қасос гирифт. Аммо мақомоти тафтишотии Маскав дар ҷараёни таҳиқиқ парвандаи Гулчеҳра Бобоқулова гуфтанд, ки ӯ мубталои бемории «шизофренияи шадид» будааст.

XS
SM
MD
LG