Пайвандҳои дастрасӣ

Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, баъди се рӯзи табобати "сармохӯрӣ" рӯзи 14 октябр ба дафтари кориаш дар Остона баргашт. Шабакаи давлатии телевизиони Қазоқистон рӯзи ҷумъа Назарбоевро ҳангоми мулоқот бо додситони кулл Ҷалип Асанов ва шаҳрдори Остона Асет Исекешев намоиш дод.

Дастгоҳи раёсати ҷумҳури Қазоқистон рӯзи 12 октябр гуфт, ки бинобар маризӣ Назарбоев натавонист, дар ҷаласаи Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ), як созмони таҳти назорати Русия, иштирок кунад. Ин нишаст рӯзи 14 октябр дар Ереван оғоз шуд.

Эълони бемории Нурсултон Назарбоев аз тарафи дастгоҳи раёсати ҷумҳури Қазоқистон як амали ғайримаъмулӣ буд, зеро дар бораи вазъи саломатии президенти бузургтарин кишвари Осиёи Марказӣ тақрибан гузориш намедиҳанд.

XS
SM
MD
LG