Пайвандҳои дастрасӣ

Пулис мусаллаҳонро дар минтақаи Қабардину Балқор аз байн бурд


Акс аз бойгонӣ

Пулиси Русия дар Қафқози Шимолӣ мегӯяд, ки дар задухӯрди мусаллаҳонаи шаби гузашта се мусаллаҳро маҳв кардааст. Ба гуфтаи Вазорати дохилии Русия ва Кумитаи миллии зидди терроризм яке аз кушташудаҳо эҳтимол дар амали террористӣ алайҳи пулиси Қабардину Балқор дар соли 2005 даст дошт.

Мақомоти Русия мегӯянд, ин се нафар дар таърихи 13 октябр дар ҳоле кушта шуданд, ки аз амри пулис ҷиҳати манъ кардани мошин сарпечӣ карданд ва ба сӯи пулис оташ кушоданд. Пулис мегӯяд, ки ин мошин аз субҳи 13 октябр дуздида шуда дар ҷустуҷӯ қарор дошт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG