Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шарикони амниятии Русия дар Ереван ҷамъ шуданд


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Мақомоти баландпояи кишварҳои собиқ Шӯравӣ, бо шумули президенти Русия Владимир Путин ва раисҷумуҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, барои ширкат дар нишасти Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ дар Ереван ба ҳам омаданд. Бар иловаи сарони давлатҳо, вазирони умури хориҷӣ ва дифои шаш кишвари узви ин созмон дар нишаст иштирок мекунанд.

14 октябр дар нишасти Шӯрои амнияти ин созмон интиихоби дабири кулли нави Созмони маймони амнияти дастаҷамъӣ ва талошҳои муштарак барои мубориза бо терроризм матраҳ мешавад. Арманистон дар ин ҷамъомад ҳаққи раёсати банавбатро расман ба Беларус месупорад.

Созмони ааймони амнияти дастаҷамъӣ як сохтори амниятии таҳти назорати Русия аст, ки ба он давлатҳои Шӯравии собиқ - Тоҷикистон, Русия, Беларус, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон шомил ҳастанд.

XS
SM
MD
LG