Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳиягари таркишҳо дар Манҳэттен ба додгоҳ рафт


Аҳмад Хон Раҳинӣ, як марди 28-солаи афғонтабор, ки ба таҳия ва татбиқи чанд амалиёти террористӣ дар Манҳэттени Ню-Йорк муттаҳам мешавад, дар ростои мурофиаи додгоҳӣ қарор гирифт.

Мурофиа дар шаҳраки Элизабет баргузор мешавад, вале фарди муттаҳам, ки ҳангоми боздошт захмӣ шудааст, ба пурсишҳои додгустар аз бемористон бо истифодаи робитаи видеоӣ посух дод. Ӯ тасдиқ кард, ки вакили дифоъ дорад ва замонати дар озодӣ буданаш 5 миллиону 200 ҳазор доллар муайан шудааст.

Бинобар иттилои додситонӣ, баъди чанд моҳи дигар ҳайати мунсифаи олӣ бар пояи шаҳодату мадраки мавҷуда, аз ҷумла ёддоштҳои худи айбдоршаванда дар дафтари хотироташ, муайян хоҳад кард, ки оё ин далелҳо барои баррасиҳои додгоҳӣ кофӣ ҳастанд ё хайр. Раҳинӣ дар Афғонистон таваллуд шуда дар овони кӯдакӣ ба Амрико кӯч бастааст.

Мақомот мегӯянд, ки ӯ пайрави исломи радикалӣ буда дар маҳаллаи Челсии Манҳэттен таркиш анҷом дод ва даҳҳо нафарро захмӣ кард. Дар ду таркиши дигар, ки Аҳмад Хон Раҳинӣ дар Ню Йорк ва Ню Ҷерсӣ пиёда кард, касе осеб надидааст.

XS
SM
MD
LG