Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп даст доштанашро дар озори ҷинсӣ рад мекунад


Номзад ба мақоми президентии ИМА аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон Доналд Трамп даъвои чанд занро дар бораи озори ҷинсӣ рад мекунад ва ин даъвоҳоро "комилан нодуруст" меномад.

Дар як суханронӣ дар аёлати Флоридаи ИМА Трамп гуфтааст, "даъвоҳо беасос, хандаовар ва хилофи мантиқанд". Вай афзудааст, ки барои рад кардани даъвои занон далели кофӣ дорад.

Рӯзи панҷшанбе нашрияи "Ню-Йорк таймс" нақли ду занро нашр кард, ки мегӯянд, Трамп ба онҳо пешниҳоди зиште кардааст. Аммо вакилони Трамп даъвои мазкурро рад карда, онро туҳмат номиданд.

XS
SM
MD
LG