Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ба Убайдуллоев орден дод


Мири шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо қарори президенти Русия Владимир Путин бо ордени “Дӯстӣ”-и ин кишвар мушарраф гардид. Дар қароре аз 4 августи соли ҷорӣ гуфта мешавад, ки раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе барои “саҳми барҷастааш дар рушди равобити байнипарлумонӣ бо Федератсияи Русия, тақвияти дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмии байни мардум” бо ордени “Дӯстӣ” мушарраф мегардад. Ин ҷоиза рӯзи 13 октябр дар Душанбе дар мулоқоти раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко ба Маҳмадсаид Убайдуллоев тақдим шуд.

Маҳмадсаид Убайдуллоеви 64-сола раиси собиқадори шаҳри Душанбе буда, шахси дуюм дар ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. 16 соли охир раии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон аст, бори охир дар соли 2015 ба ин мақом аз нав интихоб шудааст. Ӯ узви ҳизби ҳокими халқии демократӣ аст. Дар солҳои 1998 ва1999 бо қарори президенти Тоҷикистон бо ордени “Дӯстӣ” ва “Исмоили Сомонӣ” мушарраф шудааст.

XS
SM
MD
LG