Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон бо Узбакистон, Эрон ва Қирғизистон бозӣ мекунад


Мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон, ки аз бозигарони синашон то 19-сола иборат аст, дар мусобиқаи Ҷоми Ассотсиатсияҳои футболи Осиёи Марказӣ («CAFA Women’s Cup U-19») дар шаҳри Тошканд ширкат мекунад.

Бозиҳои мусобиқаи «CAFA Women’s Cup U-19» аз 15-ум то 17-уми октябр дар варзишгоҳи «Жар»-и пойтахти Узбакистон баргузор мешаванд.

Дар ин мусобиқа чаҳор дастаи мунтахаб аз Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбакистон ва Эрон ширкат меварзад. «CAFA Women’s Cup U-19» аз рӯи системи даврӣ сурат мегирад, яъне дастаҳо бо ҳам дар ҳар як давр рӯбарӯ мешаванд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, мунтахаби кишвар дар нахустин даври мусобиқа рӯзи 15-уми октябр муқобили мунтахаби Узбакистон ба майдон меояд. Футболбоздухтарони тоҷик дар даври дувум рӯзи 16-уми октябр бо тими Эрон ва дар даври ниҳоӣ рӯзи 17-уми октябр бо дастаи Қирғизистон рақобат мекунанд.

Ба иттилои Қаноат Латифов, сармураббии дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-19), мусобиқаи «CAFA Women’s Cup U-19» дар Тошканд барои футболбоздухтарони тоҷик як санҷишест пеш аз мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2017 миёни духтарони то 19-сола.

Ёдовар мешавем, мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-19) дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2017 миёни духтарони то 19-сола, ки аз 27-ум то 31-уми октябр дар шаҳри Душанбе барпо мегардад, бо дастаҳои Узбакистон (27 октябр), Тайван (29 октябр) ва Ҳонконг (31 октябр) бозӣ мекунад. Бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мешаванд.

CAFA Women’s Cup U-19

Даври 1-ум

15 октябр (шанбе)

11:00 – Тоҷикистон – Узбакистон

14:00 – Эрон – Қирғизистон

Даври 2-юм

16 октябр (якшанбе)

11:00 – Тоҷикистон – Эрон

14:00 – Узбакистон – Қирғизистон

Даври 3-юм

17 октябр (душанбе)

11:00 – Қирғизистон – Тоҷикистон

15:00 – Эрон – Узбакистон

XS
SM
MD
LG