Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти Раҳимзода бо вазири дохилии Афғонистон


Вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо ҳамтои афғонаш Тоҷмуҳаммад Ҷоҳид масоили мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои фаромиллӣ ва муташаккил, аз ҷумла терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухадир, силоҳ, фурӯши одамон ва ҳамчунин табодули таҷрибаи корӣ миёни кормандони ду ниҳодро баррасӣ кардааст.

Тибқи иттилои вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дар мулоқоти Рамазон Раҳимзода ва Тоҷмуҳаммад Ҷоҳид, ки рӯзи 13 октябр дар Душанбе баргузор шуд, ҳамчунин ҳамкориҳои наздимарзӣ миёни ду кишвар, баҳсу баррасӣ шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳамкорҳои мақомоти пулиси ду кишвар дар солҳои охир густариш ёфта ва ҷонибҳо дар амри мубориза бо ҷинояткорӣ, гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир, ба якдигар кӯмак мерасонанд.

Тоҷикистон аз ҳамсояҳои наздики Афғонистон аст, ки бо ин кишвар беш аз 1400 километр марзи муштарак дорад. Ин ҳамсоягӣ Тоҷикистонро пайваста дар ростои чолишҳои амниятӣ қарор медиҳад, ки камтарини он қочоқи маводи мухаддир ва бузургтаринаш интиқоли нооромиҳои Афғонистон ба Осиёи Марказӣ ва махсусан Тоҷикистон аст.

XS
SM
MD
LG