Пайвандҳои дастрасӣ

Духтари Емеляненко аз бемористон ҷавоб шуд


Аксе аз муҳорибаҳои кӯдакон дар Грозний мавриди интиқоди Емеляненко қарор гирифт

Аксе аз муҳорибаҳои кӯдакон дар Грозний мавриди интиқоди Емеляненко қарор гирифт

Духтари ноболиғи Федор Емеляненко, президенти Иттиҳодияи муҳорибаҳои омехтаи якҳарба аз бемористон озод шуд. Хабаргузориҳои русӣ менависанд, ки духтари 16-солаи Емеляненко дирӯз аз ҷониби марди ношиносе мавриди ҳамла қарор гирифт. Вақти бозгашт аз мактаб марде ба қафаси синаи духтарак зад ва нопадид шуд, баъди ин духтарак ба бемористони интиқол ёфт. Табибон гуфтанд, ки қафаси сина ва ноҳияи шикати духтарак осеб дидааст. Полис аз рӯи ин қазия парванда боз кард. Дар миёни фарзияҳо “ҳамла аз рӯи ангезаҳои маишӣ” ҳам мебошад.

Аз ин пеш Емеляненко дар бораи таҳдид ба ҷонаш хабар дод. Баъди муҳорибаҳои омехтаи варзишии миёни кӯдакон, ки рӯзи 4 октябр дар шаҳри Грознии Чеченистон баргузор шуд, Емеляненко ширкати кӯдакон дар ин рақобатҳо ва ҳам ба ҳайси тамошобин иштирок кардани онҳо дар чунин толорҳоро мавриди интиқод қарор дод. Дар ин рақобатҳо се писари президенти Чеченистон Рамазон Қодиров ҳам иштирок карданд. Адам Делимханов, мушовири президенти Чеченистон ва хеши наздики Қодиров, ки ҳамчунин вакили Думаи давлатӣ аст, гуфт, “Емеляненко бояд барои ҳар ҳарфе, ки дар ҳақи бародарзодаҳои ӯ задааст, посух диҳад”.

XS
SM
MD
LG