Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент барои ширкат дар СПАД ба Ереван рафт


Сентябри соли 2015 шӯрои сарони кишварҳои узви СПАД дар Душанбе баргузор шуд
Сентябри соли 2015 шӯрои сарони кишварҳои узви СПАД дар Душанбе баргузор шуд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафи ширкат дар шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ рӯзи 13 октябр ба шаҳри Ереван, пойтахти Арманистон парвоз кард. Дар ҳайати ҳукумати Тоҷикистон, ба иттилои вебсайти раиси ҷумҳурӣ, вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёвари президент дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ, вазири дифоъ Шералӣ Мирзо, дабири Шӯрои амният Абдураҳим Қаҳҳоров ва дигарон шомил ҳастанд. Дар нишасти сарони кишварҳои СПАД рӯзи 14 октябр тахминан 20 масъала баррасӣ мешавад, ки муҳимтарини онҳо - чолишҳои байналмилалӣ ва вокуниши сареи ин созмони низомии минтақавӣ ба ҳама гуна таҳдидҳои амниятӣ мебошад.

Бо ҷаласаи Ереван раҳбарии давраии Арманистон дар ин созмон ба анҷом мерасад ва навбати раҳбарии созмон ба Ҷумҳурии Белару вогузор хоҳад шуд. Дар ин ҷаласа инчунин стратегияи амнияти дастаҷамъӣ дар чаҳорчӯби СПАД то соли 2025 матраҳ мешавад. Кремлин иштироки президенти Русия Владимир Путин дар нишастро тасдиқ кард. Аз қабл Қазоқистон гуфт, ки бо сабаби сармохӯрдагӣ, президент Нурсултон Назарбоев дар ин нишаст иштирок намекунад ва Остонаро нахуствазири Қазоқистон намояндагӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG