Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Алмаато ба рӯзноманигор Ирина Медникова ҳамла карданд


Ирина Медникова

Ирина Медникова

Дар Алмаатои Қазоқистон шахси номаълуме ба рӯзноманигор Ирина Медникова ҳамла кардааст. Дар ин бора рӯзноманигор дар саҳифаи фейсбукиаш навиштааст. Ҳодиса шаби 12 октябр дар назди биное, ки рӯзноманигор дар он зиндагӣ мекунад, рух додааст. Тавре вай менависад, марде ба ӯ ҳамла карда, баъд аз латукӯби бераҳмона ҷузвдонашро рабудааст.

Бино ба гуфтаи раҳбари созмони ҷамъиятии "Хадамоти иттилоотии ҷавонони Қазоқистон" Ирина Медникова, дар ҷузвдон мавод ва ҳуҷҷатҳои лозимӣ барои як чорабинии марбути ВАО, ки қарор аст дар Атирау баргузор шавад, мавҷуд буд. Ба назари Медникова, ҳамла ба фаъолиятҳои ӯ рабт дорад. Салтанат Азирбек, намояндаи расмии пулиси Алмаато гуфтааст, ки дар робита ба ин ҳодиса бо моддаи "ғоратгарӣ" тафтишот оғоз шудааст.

Матлабҳои Ирина Медникова дар рӯзномаи мухолифи "Республика" нашр мегардид, ки худи нашрия ва рӯзноманигоронаш баъди оғози фаъолият дар соли 2000 таҳти таъқиб қарор гирифтаанд. Нашрияи мазкурро мақомоти Қазоқистон "экстремистӣ" эълон карда, фаъолияташро додгоҳ манъ кардааст.

XS
SM
MD
LG