Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду зан Трампро ба шаҳватҷӯӣ муттаҳам карданд


Ду зан дар Амрико номзади Ҳизби Ҷумҳурихоҳ Доналд Трампро ба шаҳватҷӯӣ муттаҳам карданд. Яке аз ин занҳо дар сӯҳбат бо нашрияи The New York Times аз ҳодисае нақл кард, ки 30 сол пеш рух додааст. Ин зан гуфтааст, ки миллионер Трамп дар ҳавопаймо ба ӯ дастдарозӣ кард.

Ҳамсӯҳбати дигари нашрия гуфтааст, Трамп дар соли 2005, ҳангоми маъракаи қабули баландошёнаи "Трамп Тауэр", ки ин зан дар онҷо ба сифати котиба кор мекардааст, ба ӯ дастдарозӣ кард. Ҳеҷ кадоми ин занҳо баъди ҳодиса алайҳи ӯ шикоят накардаанд. Намояндагони Трамп ин ду иттиҳомро "ҳамлаи сиёсӣ" унвон карданд ва талаб ба миён гузоштанд, ки матлабҳо бардошта шаванд.

Рӯзи 7 октябр нашрияи The Washington Post навореро нашр кард, ки дар он миллионер Трамп дар як сӯҳбати хусусӣ дар бораи занҳо ҳарфҳои носазо мегуфт. Баъди ин якчанд сиёсатмадори Ҳизби Ҷумҳурихоҳ аз Трамп даъват карданд, ки номзадиашро бозпас бигирад. Трамп барои суханҳои носазо узр пурсид, аммо аз иштирок дар интихобот даст накашид.

XS
SM
MD
LG