Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА низоми интихоботии худро аз ҳамлагарони киберӣ ҳимоят мекунад


Ҷош Эрнест. сухангӯи Кохи Сафед.

Ҷош Эрнест. сухангӯи Кохи Сафед.

Ҷош Эрнест, сухангӯи Кохи сафед мегӯяд, Вашингтон метавонад худро аз ҳамлаҳои киберии Русия ба низоми овоздиҳии ИМА ва Ҳизби демократ, ки ҳадафаш расонидани таъсир ба раванди интихоботи президентии моҳи ноябр аст, ҳимоя кунад. Ба гуфтаи Эрнест, ҷомеаи иктишофии Амрико бар ин аст, ки Русия ба нооромӣ ё дасти кам, кӯшиши халалдоркунии низоми сиёсии ИМА манфиатдор аст.

Сухангӯи Кохи сафед гуфтааст, мардуми Амрико метавонанд мутмаин бошанд, ки ҳукумати ИМА барои ҳимояти низоми интихоботии худ аз захирҳои назаррас истифода хоҳад кард. "Департаменти амнияти дохилӣ барои тақвияти системаҳои худ аллакай бо беш аз 30 кишвари дунё амалан ҳамкорӣ мекунад", - афзудааст Эрнест.

XS
SM
MD
LG