Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати порлумони Аврупо ба тамдиди таҳримҳои зидди Русия


Ассамблеяи порлумонии Шӯрои Аврупо баргузории интихоботи 18 сентябри Думаи давлатии Русияро дар нимҷазираи ғасбшудаи Қрим маҳкум кард. Дар қатъномаи рӯзи чаҳоршанбеи ассамблея зери унвони "Оқибатҳои сиёсии таҷовузи Русия ба Украина", гуфта мешавад, баргузории ин гуна интихобот нақзи ошкорои ҳуқуқи байналмилал буда, қонунмандии Думаи тозаинтихобро зери суол мебарад.

Бо дархости ҳайати Украина дар қатънома тағйир ворид карда шуд, ки ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо тавсия мешавад, таҳримҳои зидди Русияро то барқарор шудани назорати Украина ба вилоятҳои Луганску Донетск ва Қрим идома диҳанд. Дар қатномаи дигар Шӯрои Аврупо ба риояи ҳуқуқи инсон дар Қрим ва ҷумҳуриҳои худхондаи Донетску Луганск ва масъулияти Русия ҳамчун кишвари нозир ишора кард.

XS
SM
MD
LG