Пайвандҳои дастрасӣ

Расадхонаи “Симиганҷ” дубора фаъол мешавад.


Tajikistan -- Dushanbe city, awards to young schollar by Tajikistan Academy of science,13 March 2015

Tajikistan -- Dushanbe city, awards to young schollar by Tajikistan Academy of science,13 March 2015

Академияи илмҳои Тоҷикистон эълон кард, ки расадхонаи “Симиганҷ” рӯзи шанбеи 15 октябр дар шаҳри Ваҳдат дубора фаъол хоҳад шуд. Машраби Абдулло, як масъул дафтари матбуоти Академияи илмҳои Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 13 октябр зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “маросими дубора фаъол шудани пойгоҳи зилзиласанҷии “Симиганҷ”, 25 - км шимолу шарқи шаҳри Душанбе, соати 10. 00-и рӯзи 15 октябр бо ширкати масъулони Академияи илмҳои Тоҷикистон, намояндагони Пажуҳишгоҳи зилизиласанҷии Амрико, мутахассисони соҳа, баргузор хоҳад шуд”.

Ба гуфтаи ҷаноби Абдулло, ин пойгоҳ бо сармояи ҷониби Тоҷикистон ва ҳамчунин мусоидати молии Амрико мавриди истифода дода хоҳад шуд. Ҳамин тариқ, пас аз 25 сол пойгоҳи зилизиласанҷии Симиганҷ дар Тоҷикистон барқарор мешавад. Олимон бовар доранд, ки бо дубора фаъол шудани ин пойгоҳ, имкони пешгӯии заминларзаҳо дар Тоҷикистон низ бештар мешавад.

XS
SM
MD
LG