Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ДИИШ масъулияти ҳамла ба зиёратгоҳи шиаҳоро бар дӯш гирифт


Гурӯҳи худхондаи "Давлати Исломӣ" масъулияти ҳамлаи рӯзи 11 октябр ба зиёратгоҳи шиаҳо дар Кобулро бар дӯш гирифт, ки 18 нафар, асосан шиаёнро кушта бар ҷо гузошт. Як шохаи ин гурӯҳи тундрав дар Афғонистон ва Покистон, ки бо номи "Вилояти Хуросон" шинохта шудааст, дар изҳороте аз тариқи интернет масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифт.

Сухангӯи Вазорати дохилии Афғонистон Сиддиқ Сиддиқӣ гуфт, ки 62 нафар, бо шумули 12 ходими пулис дар ҳамла ба зиёратгоҳи Сахӣ, яке аз оромгоҳҳои бузург дар Кобул захм бардоштанд. Рӯзи 12 октябр Созмони Милали Муттаҳид дар изҳороте гуфт, ки "ин ҳамла барқасдона гурӯҳи бузурги мардуми мулкиро ҳадаф қарор дод, ки аз ҳақи худ барои пайравии озодона аз мазҳаби худ истифода мекарданд.

Азодорони шиамазҳаб дар назди оромгоҳи Сахӣ барои маросими Ашӯро ҷамъ шуданд, ки яке аз маросимҳои муқаддаси шиаҳо ба шумор меояд. Авҷи ин маросим ба 12 октябр рост меояд. Пулиси Кобул ба шиаҳо, махсусан ҳазораҳо аз таҷаммӯъ ва эҳтимоли ҳамлаҳо ҳушдор дода буд.

Моҳи июли соли равон дар як ҳамлае, ки гурӯҳи худхондаи "Давлати Исломӣ" масъулияти онро бар дӯш гирифт, 84 нафар кушта шуд, ки аксари онҳо шиаҳо буданд.

XS
SM
MD
LG