Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҷумони шеърҳои Лоиқ даргузашт


Шералӣ Нурмуродов, шоири шинохтаи туркман ва тарҷумони ашъори Лоиқ Шералӣ, дар 71-солагӣ дар Шветсия аз дунё гузашт. Нурмуродов, ки аз мунтақидони ашадии мақомоти худкомаи Туркманистон буд, солҳои 1990 барои шеърҳояш якчанд дафъа боздошт шудааст.

Шералӣ Нурмуродов соли 1995 бо дархости Туркманистон барои муддати кӯтоҳ дар Маскав боздошт шуд, аммо мақомоти Русия ӯро ба Туркманистон надоданд. Баъд аз ин Нурмуродов имкон ёфт, ки аз Маскав ба Лаҳистон ва аз Лаҳистон ба Шветсия рафта, дар онҷо паноҳандаи сиёсӣ шавад. Нурмуродов дар Шветсия аъзои PEN-Club шуд ва ба шеъру достоннависӣ идома дод.

Шеърҳои Шералӣ Нурмуродов дар Туркманистон мамнӯъ шудаанд. Ӯ баъди маризии тӯлонӣ 11 октябр дар Стокҳолм вафот кард.

XS
SM
MD
LG