Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама барномаи сафар ба Миррихро шаҳр дод


"Ҳадафи марҳилаи навбатии кайҳоншиносӣ аз фиристодани инсонҳо ба Миррих ва бозгашти безарари онҳо ба Замин ва дар дурнамо аз будубоши тӯлонии инсонҳо дар ин сайёра иборат хоҳад буд", - гуфтааст президенти ИМА Барка Обама дар тасвири ояндаи пажуҳишҳои кайҳонӣ.

Барномаи парвоз ба Миррихро Обама ҳанӯз дар оғози раёсаташ эълон карда буд. Ҳоло, ки охири раёсаташ наздик шудааст, ӯ пешгӯӣ мекунад, ки барои ташкили сафарҳои байнисайёравӣ талошҳои давлат ва ширкатҳои хусусӣ тақозо мешавад. Дар ду соли оянда ширкатҳои тиҷоратӣ барои аввалин бор кайҳоннавардонро ба Истгоҳи байналмилаии кайҳонӣ интиқол медиҳанд.

Аз рӯи барномаи раиси ҷумҳури ИМА, қадами навбатӣ ташкили зистгоҳҳои маснӯи барои будубоши тӯлонӣ дар умқи кайҳон хоҳад буд, инсонҳоро ба зиндагии дур аз замин мутобиқ кунад ва онҳоро барои сафари тӯлонӣ ба Миррих омода намояд. Обама гуфтааст, ки дар татбиқи ин барнома давлат ва ширкатҳои хусусӣ саҳм бигиранд.

Ба кайҳоннавардии тиҷоратӣ ширкатҳое чун SpaceX Илона Маска ва Blue Origin-и Ҷефф Безос, асосгузори ширкатҳои Amazon, Orbita ATK машғул ҳастанд. SpaceX Илона Маска гуфтааст, ки дар соли 2015 ба Миррих фиристодани инсонҳоро оғоз мекунад. "Чанде пеш раҳбари кулли ширкати Boeing Денис Мюленбург гуфт, ба бовари ӯ аввалин инсоне, ки қадам ба Миррих мегузорад, бо мушаки сохти ин ширкат интиқол меёбад".

XS
SM
MD
LG