Пайвандҳои дастрасӣ

Ду зан вазири фарҳангро ба озори ҷинсӣ айбдор карданд


Аристонбек Муҳаммадулӣ, вазири фарҳанг ва варзиши Қазоқистон дар мавриди айбҳое, ки зиддаш садо додаанд, ба додгоҳ муроҷиат хоҳад кард. Дар ин бора хадамоти матбуотии вазорат иттилоъ додааст. Манбаъ афзудааст, Муҳаммадулӣ то содир шудани қарори додгоҳ аз ҳама гуна суҳбат бо расонаҳо худдорӣ мекунад. Тайи ҳафтаи охир ба камияш ду зан вазири фарҳанг ва варзиши Қазоқистонро дар озору азияти ҷинсӣ айбдор кардаанд.

Енлик Содиқова, хатмкунандаи Академияи ҳунари Қазоқистон охирҳои ҳафтаи гузашта бо нашри як изҳороти видеоӣ дар Интернет гуфт, Муҳаммадулӣ ҳангоми ректори академия буданаш аз ӯ барои дохил шудан пул гирифта, ҳатто озор низ додааст. Ин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои шадидеро ба миён оварда, ба ҷонибдорӣ аз Содиқова Тунгишбай Жаманкулов, раиси Иттифоқи чеҳраҳои театри Қазоқистон низ садо баланд кард. Аристонбек Муҳаммадулӣ ба изҳороти Енлик Содиқова тариқи ВАО вокуниш нишон дода, онро "туҳмат" хонд.

Ба гуфтаи вазир, Содиқова бо дархости шахсоне ин суханҳоро гуфтааст, ки хоҳиши беобрӯ сохтани ӯро доранд. Ҳафтаи равон дар як қатор расонаҳои хабарии Қазоқистон шикояти навозандаи пешини оркестри президентии ин кишвар низ нашр шуд. Ин хонум иддао дорад, ки Муҳаммадулӣ ҳангоми раҳбари оркестр буданаш дар соли 1990 ӯро ҳам озор додааст.

XS
SM
MD
LG