Пайвандҳои дастрасӣ

Мақдуниҳо даст ба раҳпаймоии интихоботӣ заданд


Ҳазорон сокини Мақдуния дар остонаи интихоботи порлумонӣ ба тазоҳуроти осоишта баромаданд. Тазоҳуроте, ки 11 октябр дар шаҳри Скопйе барпо шуд, аз сӯи Ҳизби мухолифи иттифоқи сотсиал-демократии Мақдуния роҳандозӣ шуда буд. "Мо бо барканор кардани режим, озодиҳоямонро бармегардонем. Силоҳи мо - раъйи мост", - гуфтааст роҳбари мухолифин Зоран Заев дар ҳузури гирдиҳамомадагон.

Баъди ҳодисаи гӯш кардани суҳбатҳои телефонии шаҳрвандони Мақдуния дар моҳи феврали соли 2015, дар ин кишвар буҳрони сиёсӣ идома дорад. Дар гӯш кардани суҳбатҳои телефонии шаҳрвандон ҳизби муҳофизакори Созмони дохилии инқилобии Мақдуния - Ҳизби демократии иттиҳоди милии Мақдунияро айбдор мекунанд. Ин ҳизбро сарвазири пешини Мақдуния Николай Груевски роҳбарӣ мекунад.

Моҳи гузашта роҳбарони ҳизбҳои Мақдуния ба хулоса расиданд, ки интихоботи пеш аз муҳлати порлумонӣ баргузор кунанд.

XS
SM
MD
LG