Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қудратиҳои Русия хонаи тоторҳоро дар Қрим ҷустуҷӯ карданд


Хадамоти федеролии амнияти Русия ё ФСБ рӯзи 12 октябр манзили тоторҳоро дар Қрим ҷустуҷӯ ва як нафарро боздошт кардааст. Дар ин бора сомонаи "Қрим. Воқеиятҳо" хабар медиҳад. Бино ба иттилои вакили дифоъ Зоир Смедляев, ФСБ манзили тоторҳоеро, ки аз ҳаҷ баргаштаанд, ҷустуҷӯ кардааст. Эҳтимол мақомоти қудратии Русия тоторҳои Қримро дар узвият ба гуруҳи мамнӯи "Ҳизби Таҳрир" айбдор кунанд. Баъди ғасби Қрим дар соли 2014 аз сӯи Русия дар ин нимҷазира манзили тоторҳои фаъол ва аъзои Маҷлис ба таври густарда кофтукоб шуд. Вазорати корҳои хориҷии Украина таъқиби шаҳрвандони ин кишварро дар ҳудудҳои ғасбшуда маҳкум мекунад.

XS
SM
MD
LG