Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоати афғон мегӯяд, ки баъд аз нӯҳ рӯзи даргириҳо, шаби гузашта шаҳри Кундуз ба таври комил аз вуҷуди Толибон поксозӣ шуд. Муҳаммадмаъсум Ҳошимӣ, фармондеҳи амнияти Кундуз рӯзи 12 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, бо берун рондани Толибон аз ҳама минтақаҳои шаҳр, амалиёти поккорӣ дар минтақаҳои дурафтодаи ин вилоят низ оғоз шудааст. Хабарнигори бахши афғонистонии Радиои Озодӣ аз ин маҳал мегӯяд, вазъият дар шаҳр ба ҳолати қаблӣ баргашта ва бархе аз хонаводаҳо дар ҳоли бозгашт ба шаҳр мебошанд. Дар пайи даргириҳо миёни Толибон ва нерӯҳои давлатӣ, даҳҳо ҳазор нафар аз ин шаҳр фирор карда буданд.

Дар ҳамин ҳол, Абдулҳамид Олим, раҳбари бахши тандурустии вилояти Кундуз ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар натиҷаи ин даргириҳо 400 нафар захмӣ ва чаҳор ҷасад ба беморхона интиқол дода шудаанд ва аксари онҳо ғайринизомиён мебошанд. Мақомоти давлатӣ дар Афғонистон мегӯянд, ки дар даргириҳои Кундуз наздик ба 300 тан аз афроди гурӯҳи Толибонро куштаанд. Гурӯҳи Толибон дар робита ба ин изҳороти мақомоти афғон вокунише нишон надодаанд.

Шаби 3 октябр ҳамлаҳои густардаи нерӯҳои Толибон ба шаҳри Қундуз – маркази вилояти ҳамноми он, ки бо ҷануби Тоҷикистон ҳаммарз аст, шурӯъ шуд. Мақомоти Афғонистон гуфтанд, Толибон дар як ҳамлаи ҳамоҳангшуда якбора аз чор тарафи шаҳр ҳамла карданд. Як сол пеш ҳам Қундуз барои чанд рӯз таҳти назорати Толибон даромад ва дар он ҳодисаҳо, бино ба ҳисобҳои СММ, 289 нафар кушта ва садҳо тан захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG