Пайвандҳои дастрасӣ

Сенати Узбакистон қонуни афвро қабул кард


Бинои сенати Узбакистон

Бинои сенати Узбакистон

Сенати Узбакистон пешниҳоди раҳбари муваққати ин кишвар Шавкат Мирзиёевро дар робита ба афви густардаро тасвиб кард. Афв ва шеваи татбиқи он рӯзи 12 октябр дар палатаи болоии порлумон тасдиқ шуд. Афви зиндониён бахшида ба рӯзи истиқлоли Узбакистон анҷом мешавад, ки ҳар сол 1 сентябр таҷлил мешавад. Сенати Узбакистон ягона шохаи давлатдорӣ аст, ки қарори афв бидуни тасдиқи он қувваи қонунӣ намегирад.

Бар пояи қонуни афв, дар қатори маҳбусони дигар занҳои зиндонӣ, онҳое, ки дар вақти содир кардани ҷиноят ноболиғ буданд, афроди болотар аз 60-сола, хориҷиҳо ва маъюбон ба озодӣ мебароянд. Ҳоло маълум нест, ки қонуни афв ба чӣ теъдоди зиндониён пахш мешавад.

Афви умум аввалин иқдоми бошафқатест, ки баъд аз марги раҳбари дарозумри Узбакистон Ислом Каримов тасвиб шудааст. Марги Каримов расман 2 сентябр эълон шуд. Афвҳои бахшида ба солгарди истиқлоли Узбакистон маъмулан авоили моҳи декабр тасвиб мешуданд. Эълони барвақтии афви умумро шаҳрвандон ҳамчун талоши Мирзиёев барои дастёбӣ ба кумаки бештари мардум дар интихоботи 4 декабр арзёбӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG