Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири Бритониё ҷонибдори тазоҳурот дар назди сафорати Русия шуд


Вазири умури хориҷии Бритониё аз тазоҳургарон даъват кард, ки дар вокуниш ба бомбаборони Ҳалаби Сурия дар муқобили сафорати Русия дар Лондон эътироз кунанд. "Агар Русия ин роҳро идома диҳад, ба назари ман ин кишвари бузург дар ростои хатари дар инзиво будан қарор мегирад", гуфт Борис Ҷонсон.

"Ман албатта мехостам эътирозҳо дар назди сафорати Русияро бубинам", - гуфт Ҷонсон ва афзуд, "ҳалқаи нороҳатиҳо густарда мешавад ва гурӯҳҳои зидди ҷанг то ҳол хашму нороҳатии худро дар бораи низои Ҳалаб баён накардаанд".

Дар ҳамин ҳол ҳавопаймоҳои Русия бомбаборони қисмати шарқии Ҳалабро, ки таҳти назорати шӯришиён қарор дорад, азсар гирифтанд. Борис Ҷонсон вазири нави хориҷии Бритониё аст ва аз замони расидан ба ин мақом, тобистони соли равон, дар масъалаи Сурия ва таҷовузи Русия ба Украина аз пешсафҳои фишороварӣ ба Маскав шуд.

Мария Захарова, сухангӯи вазорати хориҷии Русия суханони Ҷонсонро дар саҳифаи Фейсбуки худ ба тамасхур кашид ва гуфт: "ба назар мерасад, ки Ҷонсон аз сухан ба амал гузаштааст ва Русияро бо силоҳи нав, ки шарм ном дорад, таҳдид мекунад".

XS
SM
MD
LG