Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Валентина Матвиенко ба Душанбе меояд


Speaker of upper chamber of Russian parliament V.Matvienko Dushanbe, 12.03.2014

Speaker of upper chamber of Russian parliament V.Matvienko Dushanbe, 12.03.2014

Шоми имрӯз, чоршанбеи 12 октябр Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсиюн ё палатаи болоии порлумони Русия бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон мешавад. Шавкат Саидов, ёвари раиси Маҷлиси Миллӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “Валентина Матвиенко ин шом дар раъси як ҳайат аз мақомҳои порлумонӣ ва давлатӣ, бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд”.

Ба гуфтаи ҷаноби Саидов, хонум Матвиенко тайи ду рӯзи сафар бар иловаи боздиди расмӣ, ҳамчунин дар Форуми байнипорлумонии Тоҷикистон ва Русия ширкат мекунад. Қарор аст, “Форуми байнипорлумонии Тоҷикистон ва Русия: Неруи ҳамкориҳои байниминтақавӣ”, рӯзи ҷумъаи 14 октябр дар Бӯстонсарои ҳукумати Тоҷикистон бо ширкати ҳайатҳои порлумонии Тоҷикистон ва Русия баргузор шавад.

Тибқи иттилои манбаъ, қарор аст дар ҷараёни сафари расмии худ Валентина Матвиенко бо Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбе ва дигар мақомҳои баландпояи Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кунад.

Сафари расмии Валентина Матвиенко ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки Муҳаммадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбе моҳи октябри соли 2014 ба Маскав сафар карда буд ва дар раъси як ҳайати бузурги ҳукумати Тоҷикистон 3 рӯз дар пойтахти Русия қарор дошт.

Он замон дар пойтахти Русия музокироти ҳайати Тоҷикистон ба раҳбарии раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев бо раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко ва раиси Думаи давлатӣ, маҷлиси поёнии порлумони Русия Сергей Наришкин баргузор шуда буд. Ҳамчунин Муҳаммадсаид Убайдуллоев бо мири шаҳри Маскав Сергей Собянин ва раиси вилояти Маскав Андрей Воробёв масъалаҳои муҳоҷиронро, ки шуморашон дар ин қаламрав то 400-450 ҳазор нафар мерасад, баррасӣ кард.

Русия мизбони садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик мебошад ва бино бар оморҳо муҳоҷирони тоҷик то қабл аз буҳрони молӣ дар он кишвар, солона ба Тоҷикистон, беш аз 4 миллиард доллар пул мефиристоданд. Аммо дар пасманзари бӯҳрони иқтисодӣ дар Русия, пули русӣ қурби худро аз даст дод ва фиристодани пули муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон коҳиш ёфт. Муҳоҷирони корӣ як омили муҳими таъмини суботи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон, фақиртарин кишвари пасошӯравӣ ба шумор мераванд.

XS
SM
MD
LG