Пайвандҳои дастрасӣ

Президенти Русия Владимир Путин сафари худро ба Фаронса лағв кард, ки дар ҷараёни он мебоист бо президенти Фаронса Франсуа Олланд мулоқот кунад. Дар ин бора ИТАР ТАСС бо такя ба манбае дар Кремлин хабар додааст. Қаблан хабаргузории Ройтерс бо ишора ба манобеи Фаронса гуфт, Путин вақте фаҳмид, ки Франсуа Олланд дар мулоқот бо ӯ ҳеҷ масъалаеро ба ҷуз вазъ дар Ҳалаб матраҳ намекунад, аз сафар даст кашид.

Банобар хабарҳои ахир, Фаронса эҳтимолан аз додгоҳи байналмилалии ҷиноятҳои ҷанг дархост хоҳад кард, ки аз рӯи амалкардҳои Русия ва Сурия дар навоҳии шарқии Ҳалаб таҳқиқро оғоз кунад.

Вазири умури хориҷии Фаронса Жан-Марк Эйро баъди аз тарафи Русия вето шудани тарҳи қатъномаи Фаронса дар бораи Ҳалаб, дар Шӯрои Созмони милали муттаҳид гуфт, ки агар мулоқоти Оллан бо Путин баргузор шавад ҳам, чизе бештар аз табодули лутф нахоҳад буд.

Аз замони шикасти оташбаси Сурия дар миёнаҳои моҳи сентябр Русия ва Сурия қисмати шаҳри Ҳалабро, ки таҳти назорати шӯришиён қарор дорад, ба таври густарда бомбаборон карданд. Тавре хабаргузории Ройтерс менависад, муҳориба барои Ҳалаб дар ҷанги панҷсолаи шаҳрвандии Сурия метавонад "нуқтаи баргашт" шавад.

Қаблан гуфта шуд, ки Амрико дар содир шудани ҷинояти ҷанг аз Русия ва Сурия гумонбар шудааст. Котиби Давлатии ИМА Ҷон Керри рӯзи 7 октябр гуфт, ки амалкардҳои Маскав ва артиши Башор Асад бар зидди аҳолии мулкӣ бозҷӯиҳои махсусуро тақозо мекунад. Ба гуфтаи Керрӣ, гунаҳкорон бояд ҷазо бигиранд.

Рӯзи 10 октябр намояндаи президенти Русия Дмитрий Песков ба хабарнигорон гуфт, ки омодагии сафари Путин ба Фароса ҷараён дорад ва ин сафар 19 октябр оғоз мешавад. Раҳбари Русия бояд дар маросими ифтитоҳи Маркази маънавӣ ва фарҳангӣ дар шаҳри соҳилии Бранлӣ иштирок мекард.

XS
SM
MD
LG